Дар Ғазнӣ 7 сокини осоишта аз асорат озод гардид

Август 20, 2015 04:55

Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар»). — 19 август дар музофоти Ғазнии Афғонистон ҳафт нафар сокини осоишта, ки аз ҷониби силоҳбадастон дар минтақаи Қарабоғ рабуда шуда буданд, озод гардиданд.
Бино ба иттилои хабаргузории «Пажвок», сокинони минтақаи Ҷағор дар роҳ ба сӯи Ғазнӣ асир афтода буданд. Онҳо таи 2 ҳафта дар асорат қарор доштанд.
Дар озод кардани рабудашудагон пирони Гилон саҳми арзанда гузоштанд. Дар анҷоми музокирот, силоҳбадастон бе талаби иҷрои ягон шарт ба озод кардани гаравгонҳо розӣ шуданд.

 

Август 20, 2015 04:55

Хабарҳои дигари ин бахш