Дар Испания ва Марокко 14 ҷалбкунандаи Давлати Исломӣ дастгир шуданд

Август 26, 2015 05:45

Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони пулиси Испания ва Марокко 14 нафарро, ки ба ҷалбнамоии ҷавонон ба гурӯҳи ба ном «Давлати Исломӣ» машғул буданд,  дастгир карданд. Дар ин бора Интерфакс хабар медиҳад.

Ин натиҷаи амалиёти муштараке буд, ки дар атрофи шаҳри Мадрид ва як қатор ноҳияҳои Марокко гузаронида  шуд.

Дастгиршудагон  аъзои  шабакаи  ҷалбнамоии  ҷавонон  ва равон  кардани онҳо  ба Сурия ва Ироқ барои иштирок  дар амалиёти  террористии Давлати Исломӣ   мебошанд.

Август 26, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш