Дар вилояти Суғд маҷмӯи машқҳои ҳарбӣ оғоз шуд
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои 17-20 августи соли равон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд дар ҳудуди вилоят, бо иштироки 30 ҳазор нафар маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур дар се марҳила ва дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” ва “Нурафшон” ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифта, дар ҳар як ноҳия аз захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техника ва лавозимоти барои баргузории маҷмӯи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ зарурӣ истифода мегарданд.
Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида ва омӯзиши мавзӯъҳои пешбинишуда, ҳам дар Ситоди муттаҳида ва ҳам дар машқгоҳу минтақаҳои муайяншудаи муҳофизатӣ, таҳти назорати қатъии фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат сурат мегирад.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи мамлакат ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дода шуд, дар ин чорабинии нақшавӣ раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва комиссарони ҳарбӣ ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпаронӣ аз яроқу аслиҳаи сабуки ҷангӣ ва ба омӯзиши дигар мавзӯъҳои мудофиавӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ, 200 адад техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ, артиллерӣ ва автомобилӣ сафарбар шудаанд.
Ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки тактикӣ сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои гарнизони Суғд, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои низомии мамлакат дар сурати сар задани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷангӣ, сафарбарии қушунҳо дар самти доир кардани амалҳои ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистон мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






