Дастаи «Паҳанг»-и Малайзия барои бозӣ бо дастаи «Истиқлол” ба Душанбе омад
Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»,).-Шоми Дирӯз, 24 августи соли равон дастаи «Паҳанг»-и Малайзия барои бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бо «Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.
Ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол”, ба ҳайати даста 15 футболбоз шомил буда, меҳмонон дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷойгир шудаанд.
Ёдовар мешавем, бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC байни «Истиқлол» ва «Паҳанг» рӯзи чоршанбе, 26 август, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 20:00 шурӯъ мешавад. Бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар Куантана барпо мегардад.
Дар мавриди пирӯзӣ «Истиқлол» дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт» (Кувайт) — «Китчӣ» (Ҳонконг) рақобат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






