Дастрасии бонувон ба захираҳои иқтисодӣ: натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ

Август 26, 2015 11:18

Душанбе, 26.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «30 фоизи соҳибкорони кишварро бонувон ташкил медиҳанд». Ин матлабро Махфират Хидирзода- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ зимни муаррифӣ ва натиҷагирӣ аз тадқиқоти сотсиологӣ оид ба арзёбии сиёсат  дар самти амалисозии ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодии занон дар лоиҳаи «Гендер, соҳибкорӣ ва бозор» имрӯз  дар Душанбе,  дар суҳбати мизи мудаввар иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии иқтисодӣ ва иҷтимоии занони кишвар, хусусан дар минтақаҳои дурдаст маҳсуб меёбад. Дар ин самт, афзуд Махфират Хидирзода,  Ҳукумати мамлакат  якчанд барномаи давлатиро дар самти дастгирии занони соҳибкор, дастрасии онҳо ба захираҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳия намуда, амалӣ гардонида истодааст.
 Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Лигаи занони  ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо дастгирии молиявии Oxfam  дар Тоҷикистон  аз оғози соли равон дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон- Вахш, Восеъ, Кӯлоб, Мӯъминобод ва Фархор тадқиқоти сотсиологӣ   дар мавриди арзёбии сиёсат  доир ба амалисозии ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодии занон гузаронида шуд.  Ҳадаф аз гузаронидани  тадқиқоти сотсиологӣ дар панҷ навоҳии вилояти Хатлон,  омӯзиши паҳлуҳои гуногуни дастрасии бештари  занони маҳаллӣ ба истеҳсолоти кишоварзӣ, бозор, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ муайян намудани дурнамои беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии занони ин минтақа маҳсуб меёбад.
Ба андешаи Фарида Муъминова-муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар, ки тадқиқоти мазкурро дар мизи мудаввар муаррифӣ намуд, тадқиқот дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон гузаронида шуда, дар он 521 нафар мусоҳибон ҳам мардҳо ва ҳам занон иштирок карданд. Аз рӯи меъёри синну сол 33%-ро шахсони  40-49 сола  ва  26%-ро 50-59 сола ташкил доданд. Аз шумори пурсидашудагон 19 фоиз аз 30 то 39 сола, 12 фоиз ҷавонони то 30 сола, ва 10 фоиз ашхоси солманди аз 60 боло буданд.  45% пурсидашудагон  дорои маълумоти махсус ва 41% мусоҳибон  аз рӯи шуғл аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.  Зикр шуд, ки  11,9% пурсидашудагон аз қонунгузории амалкунандаи марбут ба бахши аграрии кишвар огоҳӣ надоранд. Ба 60  фоизи пурсидашудагон захираҳои обӣ дастрас буда, аксари пурсидашудагон то ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будан ба навъҳои гуногуни фаъолияти кишоварзӣ сару кор доштанд. Ба ақидаи мусоҳибон барои пешбурди соҳибкорӣ  дар деҳот  дастёбӣ ба маблағгузорӣ, андозистонӣ, таъмини нерӯи барқ, мушкили нақлиётӣ  ва ҷо доштани коррупсия, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, монеа эҷод менамоянд. Аксари  пурсидашудагон аз гирифтани қарз барои рушди соҳибкорӣ ҳарос доштаанд.
Таъкид гардид, ки барои дастрасии ҳар чӣ бештари занон ба захираҳои иқтисодӣ, дар минтақаҳо бояд марказҳои  дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, марказҳои бӯҳронӣ,  таъмини бонувони соҳибкор бо қарзҳои фоизашон паст, ифтитоҳи ташкилотҳои  хурди қарзӣ, беҳтар намудани   сатҳи дониш ва такмили касбияти онҳо зарур аст. Дар иртибот ба ҳалли мушкилот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон дар минтақаҳо гузаронидани  семинарҳои омӯзишӣ, таҳияи дастурамалҳои ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии бонувон мусоидат менамояд, ба манфиати кор аст. 
 Таъкид шуд, ки бо назардошти ҷой доштани мушкилот бонувон дар минтақаҳои дурдасти кишвар ба зироаткорӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, хизматрасонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва савдо машғуланд, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд. 
Дар фарҷом иштирокдорони мизи мудаввар доир ба дастарсии ҳар чӣ бештари бонувон дар минтақаҳо ба захираҳои иқтисодӣ ибрози назар намуда, дар ин самт тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.    

 

Август 26, 2015 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт
НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва барф меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб