Давраи омӯзишӣ доир ба меъёри ISO 14001

Август 13, 2015 04:20

Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шурӯъ аз 10-ум августи соли равон  шаҳри Қайроққум мизбони як давраи  омӯзишӣ доир ба меъёри ISO 14001:2004 — Низоми мудирияти муҳити зист (EMS) аст, ки то 15-уми август идома хоҳад кард.
 Ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ, ки аз ҷониби Феҳраси байнулмилалии бозрасони молии раводор (IRCA) тасдиқ шудааст, омода кардани бозрасони молии (аудитор) бузургтар доир ба ISO 14001 дар Тоҷикистон мебошад. 
Ин давраи омӯзишӣ нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва дар он намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар, ширкатҳои консалтингӣ ва донишгоҳҳо  иштирок доранд. Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки меъёрҳои ISO 14000 василаҳои амалиеро дар ихтиёри корхонаҳову созмонҳо мегузорад, ки тавонанд масъулинашон ҳимояи муҳити зистро тарҳрезӣ ва иҷро бикунанд. То ҳоли ҳозир, дар 171 кишвари ҷаҳон 300 000 ҷоиз ба ISO 14001 дониста шуда, 96 тои он дар соли 2013 дар Тоҷикистон содир шудааст.

 

Август 13, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад