Дубора фаъол гаштани НБО «Оқсу» дар Мурғоб

Август 26, 2015 06:02

   Мурғоб, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).- Нерӯгоҳи барқии обии «Оқсу-1» дар ноҳияи Мурғоб, ки бо сабаби офати табиӣ аз кор монда буд, дубора ба кор даромад. 
Бино ба иттилои сардори КЭМ-и  ноҳияи Мурғоб Исмоил Шогунов пас аз 20-рӯзи қатъи фаъолият, агрегати якум ба кор даромада, пас аз  чанд муддат агрегати дуюм низ фаъол хоҳад шуд.  
Ёдрас мешавем, обхезии рӯзҳои аввали моҳи август сарбанди  ҳавзи танзими оби нерӯгоҳро шуста бурда, маҷрои дарёро дигар кард ва НБО-и  «Оқсу-1» пурра аз фаъолият боз монд. Мутахассисони ширкати хориҷии суғуртавӣ, ки аз мавзеи  офати табиӣ боздид карданд, ҳаҷми  зарари аз обхезӣ ба нерӯгоҳ расидаро ба андозаи 70-ҳазор доллари амрикоӣ баробар донистанд.
    Неругоҳи «Оқсу-1» дар даврони собиқ шӯравӣ сохта шуда, ду агрегати он  720 киловат барқ истеҳсол мекард. Бинобар кӯҳнашавии агрегатҳо ва пайдо шудани шикофиҳо дар канали обгузар иқтидори тавлидоти нерӯгоҳ бамаротиб  коҳиш ёфта, акнун нерӯгоҳ дар тобистон ҳамагӣ то 340 киловат ва зимистон то 160 киловат барқ медод. Дар асоси шартномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон  ва Олмон қарор аст, ки НБО-и «Оқсу-1» пурра навсозӣ шуда, ду агрегати он 800 киловатт барқ бидиҳанд. Ба ин мақсад Олмон зиёда аз 5 миллион евро ихтисос дода , интизор меравад, ки таҷдиди неругоҳ моҳҳои наздик шурӯъ шавад. 
                      

 

Август 26, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд