Дубора фаъол гаштани НБО «Оқсу» дар Мурғоб
Мурғоб, 26.08.2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).- Нерӯгоҳи барқии обии «Оқсу-1» дар ноҳияи Мурғоб, ки бо сабаби офати табиӣ аз кор монда буд, дубора ба кор даромад.
Бино ба иттилои сардори КЭМ-и ноҳияи Мурғоб Исмоил Шогунов пас аз 20-рӯзи қатъи фаъолият, агрегати якум ба кор даромада, пас аз чанд муддат агрегати дуюм низ фаъол хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, обхезии рӯзҳои аввали моҳи август сарбанди ҳавзи танзими оби нерӯгоҳро шуста бурда, маҷрои дарёро дигар кард ва НБО-и «Оқсу-1» пурра аз фаъолият боз монд. Мутахассисони ширкати хориҷии суғуртавӣ, ки аз мавзеи офати табиӣ боздид карданд, ҳаҷми зарари аз обхезӣ ба нерӯгоҳ расидаро ба андозаи 70-ҳазор доллари амрикоӣ баробар донистанд.
Неругоҳи «Оқсу-1» дар даврони собиқ шӯравӣ сохта шуда, ду агрегати он 720 киловат барқ истеҳсол мекард. Бинобар кӯҳнашавии агрегатҳо ва пайдо шудани шикофиҳо дар канали обгузар иқтидори тавлидоти нерӯгоҳ бамаротиб коҳиш ёфта, акнун нерӯгоҳ дар тобистон ҳамагӣ то 340 киловат ва зимистон то 160 киловат барқ медод. Дар асоси шартномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Олмон қарор аст, ки НБО-и «Оқсу-1» пурра навсозӣ шуда, ду агрегати он 800 киловатт барқ бидиҳанд. Ба ин мақсад Олмон зиёда аз 5 миллион евро ихтисос дода , интизор меравад, ки таҷдиди неругоҳ моҳҳои наздик шурӯъ шавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






