Духтарон қаҳрамони дзюдо мешаванд

Август 1, 2015 03:19

Душанбе,01.08.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон )-Шоҳида Қаландарова, дюздочии 16-солаи тоҷик, ки бори аввал дар мусобиқаи байналмилалии Open ASIA дар вазни 57 кило ширкат кард, ҳарифони худро аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон шикаст дода, барандаи медали тилло шуд.
Бояд  зикр кард, ки  роҳи Шоҳида Қаландарова, ин духтараки деҳотии тоҷик ба варзиши калон аз майдонҳои хурди сабқатҳо дар тӯю маросимҳои наврӯзӣ оғоз шудааст. Ҳарифони ӯ дар ин сабқатҳо ҳамеша бачаҳо буданд.
«Дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ таваллуд шудаам ва падарам, ки ба гӯштин ҳаваси зиёд дошт, маро дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳи худ мебурд ва бо писарон гӯштӣ меандохт,» — мегӯяд Шоҳида.
Ёдовар  мешавем, ки  Шоҳида, толибаи синфи 10-и мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанови Душанбе мебошад. Ӯ ҳоло дар клуби варзишии «Вастан»-и Душанбе барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни духтарони то 17-сола омодагӣ мегирад. Ин мусобиқа аз 5 то 9 август дар Босния ва Ҳерзеговин баргузор хоҳад шуд.
Хотиррасон  менамоем, ки  дар клуби «Вастан» ҳамроҳ бо Шоҳида, Шукрона Қарчиеваи 17-сола ва Мавлуда Саъдуллоеваи 18-сола, барандагони медалҳои биринҷии мусобиқаи байналмилалии Open Asia дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон низ тамрин мекунанд
Навъи гӯштини дзюдо дар Тоҷикистон миёни духтарон чандон маъруф нест, аммо пас аз пирӯзиҳои духтарони варзишгари Тоҷикистон дар риштаҳои мухталиф таваҷҷуҳ ба дзюдо ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе наздики 30 духтар ин навъи варзишро интихоб кардаанд. Аксари онҳо дар панҷ соли охир варзишгар шудаанд.

Август 1, 2015 03:19

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад