Эмомалӣ Раҳмон: “Хайроту садақот ба ниёзмандон бояд дод, на ба ходимони дин”
Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати ҷуҳурӣ оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ ва дигар минтақаҳо ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони бонуфуз ва тамоми мардуми саховатпеша муроҷиат намуда, таъкид дошт: “Ана ин ҷост ҷойи хайроту садоқот. Ҳар ки мехоҳад хайру садақа анҷом диҳад ва аз аҷру савоби беандозаи худованд бархӯрдор бошад, дасти кумаки худро ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар ноҳияҳои осебдида дароз кунанд”.
Аз раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода талаб карда шуд, ки ба кӣ раво будани хайру садақаро ба мардум дуруст фаҳмонанд. “Хайру садақа на ба олимону ходимони дин, балки ба мардуми камбизоату ниёзманд бояд дода шавад”, -таъкид дошт Сарвари давлат.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоту дидорҳои самимии худ бо мардуми аз офати табиӣ осебдидаи Бадахшон ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Тасаввур кунед, ки оилаҳои хонаҳояшон пурра харобгардида, натанҳо аз хонаю дар, балки аз тамоми ашёи рӯзгор ва ҳамаи дороиҳои тамоми умр гирдоварда ва аз гузаштагонаш меросмондаро аз даст додаанд”.
Аз Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар ходимони дин ҳамчунин талаб карда шуд, ки ба маъракаю маросимҳои мансабдорону соҳибкорон ва умуман сарватмандон нараванд, балки дар маросими мотаму азодории хонаводаҳои оддӣ иштирок намуда, онҳоро дилбардорӣ кунанд, то ки аҷру савоби бештар дарёфт кунанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






