Фархор: Оила оғози фардои мурод
Фархор, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).- Бахшида ба эълон гардидани соли 2015 ҳамчун соли оила аз ҷониби Президенти мамлакат дар ноҳияи Фархор бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллӣ чорабиниеро таҳти унвони «Оила оғози фардои мурод» доир намуданд, ки дар он намояндагони ҷамоатҳои деҳот, фаъолон, ҷавонон ва мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.
Иштирокдорони чорабинӣ оид ба мавзӯи мазкур маърӯза намуда, ҷавононро ба эҳтироми якдигар, ҳурмати падару модар ва хусуру хушдоман, дар якҷоягӣ паси сар намудани мушкилоти оилавӣ ва сабру таҳаммулпазирӣ ҳидоят намуданд.
Бино ба иттилои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон, баргузории чунин силсилачорабиниҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






