Футбол: «Истиқлол» «Паҳанг»-ро бо ҳисоби бузург шикаст дод
Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дастаи футболи Душанбе «Истиқлол» дар бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми АФК-2015 «Паҳанг»-и Малайзияро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Сабқат, ки дирӯз дар ҳузури 15 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба фоидаи қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Беҳтарин бозингари ин сабқат капитани душанбегиҳо Дилшод Восеив гардид, ки ду маротиба тубро вориди дарвозаи «Паҳанг» кард. Ғалабаи бузург ба даст оварда, дастпарварони Мубин Эргашев натиҷаи хубе пеш аз сабқати ҷавобӣ нишон доданд. Сабқати ҷавобӣ 16- сентябр дар шаҳри Куантани Малайзия баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар сурати баромадан ба даври ниманиҳоӣ рақиби «Истиқлол» дар ин марҳилаи Ҷоми АФК ғолиби ҷуфти 1/4 ниҳоии ФК «Кувайт» — «Китчи» (Ҳонконг) хоҳад гардид. Дар сабқати аввал, дастаи Кувайт бо ҳисоби 6:0 бар дастаи Ҳонконг пирӯз шуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






