Гурӯҳи «Боко Ҳарам» дар Камерун 150 нафарро рабуд

Август 8, 2015 02:22

Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳангоми ҳамла ба қисми шимолии Камерун ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Боко Ҳарам» 150 нафарро рабудаанд.
Расонаҳои иттилоотӣ хабар медиҳанд, ки ин гурӯҳи ифротӣ тайи чанд рӯзи охир ба якчанд маҳалли дурдасти шимоли Камерун ворид шуда, садҳо нафарро бо худ бурданд.
Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи охир гурӯҳи ифротии «Боко Ҳарам» дар ҳудуди Камерун 5 амали террористӣ анҷом дод, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок гаштаанд.

Август 8, 2015 02:22

Хабарҳои дигари ин бахш