Иқдоми «Созандагони Ватан» дар самти фарогирии камбизоатон ба мактаб

Август 29, 2015 02:53

Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Мактаб-даргоҳи маърифат» аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотӣ,  ки аз ҳисоби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» таъсис ёфтаанд,  дар маҳаллаҳо вохӯриҳо доир шуда, ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон барои гирифтани зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) даъват карда мешаванд. 
Инчунин, дар ин робита бо кӯдакон ва ҷавононе, ки бинобар сабаби танқисии молиявии оилаашон имкони давом додани таҳсилро надоранд, сару либос ва дигар маводи барои хониш лозима тақдим мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки имрўзҳо аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аксияи ҷумҳуриявии «Мактаб-даргоҳи маърифат» ҷараён дорад. Ин иқдом то оғози соли нави хониш идома меёбад. 

 

Август 29, 2015 02:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст