Ифротгароёни ДИ қалъаи бостониро дар Сурия тахриб карданд

Август 25, 2015 02:43

Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ифротгароёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар шаҳри Палмираи Сурия қалъаи бостонии «Баъалшомин»-ро хароб карданд. 
Бино ба иттилои мақомот, ҷангиёни ифротгаро 23 август ҳаҷми калони маводи таркандаро дар қалъаи Баъалшомин мунфаҷир кардаанд.
Ирина Бокова, роҳбари Дафтари фарҳанг ва илми СММ — ЮНЕСКО тахриби ин қалъаро талафоти ҷуброннопазир барои башарият номид. Ёдовар мешавем, ки Палмира дар феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил буда, Баъалшомин дар соли 17-уми мелодӣ сохта шудааст. 

 

Август 25, 2015 02:43

Хабарҳои дигари ин бахш