Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои омӯзгорони Мактаби президентӣ

Август 31, 2015 08:15

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). -Баъди ба истифода супоридани меҳмонхона дар маркази шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ориёно ташриф овард.

Дар ин ҷо омӯзгорон ва толибилмони муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар шафати бинои асосии муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат» бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод.

Тавре маълум гардид, бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омўзгорони мактаби Президентӣ бунёд гардида, бо риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ, аз рўи тарҳи зебо сохта шудааст ва дорои 36 ҳуҷра мебошад.

Омўзгорони соҳибтаҷриба аз шаҳри Кўлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат, ки тариқи озмун ба мактаби президентӣ ба кор ҷалб шудаанд, дар ин ҷо бо манзили зист ва шароити беҳтарин таъмин карда мешаванд.

Бинои нуҳошёна аз ҷониби сохтмончиёни раёсати хизматрасонии асосии шаҳри Душанбе бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2014 оғоз шуда, нимаи аввали моҳи августи соли 2015 анҷом ёфт ва он бо тамоми шароити зист таъмин гардидааст.

Фармоишгар — Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки чунин як бинои истиқоматии 9 ошёна барои омӯзгорони ин даргоҳи маърифат моҳи октябри соли 2013 дар баробари бинои асосии муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд. Мактаби президентӣ барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст ва он дорои тамоми шароит, аз ҷумла 34 синфхонаи дарсӣ, 5 лаборатория, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Маҷмуан дар ин муассисаи таълимӣ 40 нафар омӯзгор ва 13 нафар мураббӣ ба таълиму тадриси хонандагон машғул мебошанд, ки ҳамаи онҳо дорои маълумоти баланди омӯзгорӣ мебошанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо изҳори сипос карда, иброз дошт, ки ин манзилҳои зист тӯҳфаи арзандаи ҳукумат ба омӯзгорон дар арафаи соли нави хониш мебошад.

Август 31, 2015 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид