Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои панҷошёнаи нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб иштирок кард. Дар сари роҳ Сарвари давлатро сокинони шаҳр хеле гарму самимиӣ бо рақсу суруд пазироӣ карданд.
Сарвари давлат ба сару либоси бонувони ин шаҳри бостонӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба гиромидошти анъанаҳои неки аҷдодӣ ва риояи расму ойинҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарстӣ ҳидоят кард.
Сипас бо буридани лентаи рамзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти шаҳри Кӯлобро ифтитоҳ кард.
Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносоӣ аз шароити корӣ дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки аз таҳкурсӣ сар карда то охирин корҳои бунёдиро сохтмончиёни Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи Сензиянси Академияи Ҷумҳурии Халқии Хитой иҷро намудаанд.
Корҳои рангуборкунии берун ва даруни биноро мутахассисони Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Меҳансоз” ба итмом расонидаанд. Барои дар вақти муқарраргардида ва бо сифат ба анҷом расондани корҳо дар як баст беш аз 120 нафар сохтмончӣ фаъолият дошт. Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2013 оғоз шуда, ҳаҷми умумии корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ 15 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Бинои нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб дорои толори васеи маҷлисгузаронӣ, утоқҳои зебою барҳаво буда, дар назди бино ду фаввораи муосир сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон барои расондани хизмати дар сатҳи хуб дастур дод.
Дар бинои мазкур 52 нафар кормандони нозироти андоз ба 32 ҳазор андоз супоранда хизмат мерасонанд.
Инчунин барои баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳа дар бинои мазкур як маркази таълимӣ низ бунёд ёфтааст, ки он бо тамоми шароити будубош таъмин гаштааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






