Ифтитоҳи осорхонаи нашрияи «Халқ овози»
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар», Гулфинур Аюпова). — Бо ташаббуси сармуҳарри нашрияи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода ва аҳли эҷоди он дар назди ин нашрия осорхона ифтитоҳ гардид.
Дар ин маросим раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор, намояндагони нашрияҳои расмӣ ва дигар ВАО-и кишвар иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки осорхона хурд бошад ҳам, фарогири маводи муъҷаз ва пурмуҳтаво мебошад.
Экспонатҳое, ки дар ин коргоҳ гузошта шудаанд ба тамошобинон аз шахсоне, ки дар ин ҷо заҳмат кашиданд, таҷҳизоти корӣ, мукофотҳое, ки ҳайати эҷодӣ бо он қадрдонӣ шудаанд, шумораҳои гуногуни дар солҳои мухталиф ба нашр расидаи рӯзнома таассуроти хуб медиҳанд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин нашрия дар солҳои 30-уми асри гузашта ташкил шуда, бо номи «Қизил Тожикистон», баъдан «Совет Тожикистони» ва имрӯз бо номи «Халқ овози» фаъолият менамояд. Дар ин ҷо шахсиятҳои маъруфи кишвар фаъолият намудаанд. Яке аз онҳо ифтихори тоҷикистониён, олими забардаст, академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Бобоҷон Ғафуров дар нимаи аввали асри гузашта ҳамчун ходими адабӣ ва баъдан ҳамчун роҳбари ин нашрия фаъолият кардааст.
Барои ҳамин ташаббускорони осорхона ба шахсияти ин ходими давлатӣ диққати махсус дода, дар бораи ҳаёту фаъолияти ӯ гӯшаи махсус омода кардаанд. Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб менамояд, ин аксҳои муҳаррирони рӯзнома мебошанд, ки дар бораи солҳои фаъолияти онҳо маълумот медиҳанд. Шахсоне, ки дар ин ҷо роҳбарӣ кардаанд, ба мисли драматург Ҳоҷӣ Содиқ, олим ва нависанда Ҳамид Гадоев саҳми бузурги худро дар рушди рӯзнома ва Тоҷикистон гузоштаанд.
Гӯшаи «Ифтихори рӯзнома» дар бораи шахсоне, ки чандин солҳо дар ин ҷо фаъолият намудаанд, маълумот медиҳад. Онҳо дар баробари ходимони рӯзнома будан, шахсиятҳои эҷодкори машҳур мебошанд. Мисли Қосим Мамаҷонов, Ӯлмас Ҷамол, Восит Муҳаммедов, Ҷамшид Пиримов, Саййид Неъматулло Иброҳим ва дигарон.
Рӯзномаро бе робитаҳои адабӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. бод арки ин масъулини осорхонаи рӯзнома як гӯшаи онро ба меҳмонони идораи рӯзнома бахшидаанд. Дар ин қатор метавон ҳунармандони халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, Малика Қаландарова, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Маъмурҷон Узоқов, ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Олмахон Ҳайитова, Мукаррама Турғунбоева, Ёқуб Аҳмедов, Сора Эшонтӯраева, Юлдуз Усмонова ва аз адибон Саид Аҳмад, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Тошпӯлат Ҳамидов, Саттор Турсун, Зиё Абдуллоҳоро метавон ном бурд.
Масъулини рӯзнома умед доранд бо шумораҳои нодири рӯзнома, ки дар дасти хонандагон аст, осорхонаи рӯзномаро ғанитар намоянд.
Бояд гуфт, ки ин иқдом туҳфаи хубест дар арафаи таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.