Ифтитоҳи якчанд иншооту корхона ва таъсиси беш аз 360 ҷойи корӣ зимни сафари кории Президент ба Кӯлоб

Август 31, 2015 10:57

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Зимни сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб якчанд иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои бунёди чандтои дигар замина гузошта шуд.   Бо ифтитоҳи ин иншоот ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ низ меафзояд. Дар иншоот ва коргоҳу корхонаҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта беш аз 360 нафар соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар қасри варзиши обӣ, ки аз  се ошёна иборат аст, 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар бинои панҷошёнаи нозироти андози шаҳру минтақаи Кўлоб бошад, 52 нафар кормандони нозироти андоз ба 32 ҳазор андозсупоранда хизмат мерасонанд.
Пас аз ифтитоҳи Меҳмонхонаи “Чанор” дар маркази шаҳри Кӯлоб зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ, ки имрӯз бо иштироки Президенти мамлакат расман фаъол гардид, 12 нафар занону духтарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд. Комбинати шири шаҳри Кўлоб, ки аз ҳисоби даромади соҳибкори маҳаллӣ азнавсозӣ шудааст, бо хатҳои нави технологӣ таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, ширӣ ва обҳои ранга ба роҳ монда шуд. Акнун дар ин ҷо 80 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла шаҳри Кўлоб ислоҳоти куллӣ оғоз гардида, дар доираи баргузории ҷашни 2700 — солагии шаҳри Кўлоб як силсила иншооти нав, аз қабили маҷмааи “2700-солагии Кўлоб”, осорхонаи шаҳрӣ, амфитеатр, девори рамзии қалъаи Кўлоб, сохтмону азнавсозии 23 мактаби таҳсилоти умумӣ, мактаби Президентӣ, хобгоҳ барои омўзгорон ба анҷом расида, ҳоло сохтмони 7 мактаби замонавӣ идома дорад.
Бунёди фурудгоҳи байналмилалӣ, сохтмони роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кўлоб, таъмиру таҷдиди хиёбону кўчаҳои шаҳр, сохтмони Қасри варзиш, 17 майдони варзишӣ ва таъсиси даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ аз ҷумлаи тадбирҳои замони истиқлолият мебошанд, ки ба пешрафту ободии шаҳри Кўлоб мусоидат намуданд. 

 

Август 31, 2015 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?