Имконияти гирифтани шаҳодатномаи тракторчӣ-мошинист
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфрастуктураи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар шашмоҳаи авали соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи тракторчӣ-мошинист»-ро таҳия намуда, тибқи тартиби муйянгардида бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намудааст.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур пас аз баррасӣ дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, 3 апрели соли 2015 тасдиқ карда шуд, ва минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти гирифтани шаҳодатномаи тракторчӣ-мошинистро пайдо намуданд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи маълумоти фаврӣ дар ҷумҳурӣ давоми шашмоҳаи аввали соли равон ба 1723 нафар шаҳодатномаи тракторчӣ-мошинист дода шудааст. Аз ҷумла, 1161 нафар шаҳрвандон, ки омўзишгоҳҳои касбӣю техникӣ ва курсҳои механизаториро ба итмом расонидаанд, соҳиби шаҳодатномаи мазкур гардиданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






