Ҳимояи фазои иттилоотӣ дар Бадахшон

Август 24, 2015 04:21

 Хоруғ 21 08 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан) «Асотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи аудиовизуалӣ» дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои намояндагони мақомоти давлатӣ, кумитаи занон, раёсати ҷавонон, ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Телерадиоком дар мавзӯи гузариш ба пахши  рақамӣ ва ҳифзи фазои иттилоотӣ мизи мудаввар  баргузор кард. 
Масъулин оид ба вазъи кунунии гузариш ба шакли нави пахши барномаҳо дар шабакаҳои давлативу мустақил маълумот дода, зикр намуданд, ки дар айни ҳол чор шабакаи умумимиллии давлатӣ ва шабакаҳои вилоятии давлатӣ ба мултиплекси рақамӣ пайваст гардида, ин раванд ҳанӯз идома дорад.  
  Дар охир байни иштироккунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки тавассути он мавзӯъҳои ҳимояи фазои иттилоотӣ, гузариш ба пахши рақамӣ, ҳолати кунунии шабакаҳои мустақили телевизионӣ ва иқтидори техникии онҳо, беҳтар намудани сифати барномаҳои телевизионӣ ва вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти давлативу ҷамъиятӣ дар мавриди  ҳарчӣ бештар огоҳ кардани мардум аз равандҳои нави технологӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла пахши рақамӣ баррасӣ шуданд.

Август 24, 2015 04:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст