Имрӯз «Хуҷанд» бо «Истиқлол» вориди сабқат мешавад

Август 19, 2015 04:04

Душанбе,  19.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар варзишгоҳи «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, дастаи «Хуҷанд»- и Хуҷанд бо «Истиқлол»- и Душанбе вориди сабқат мешавад.
Тавре ки  Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ин бозӣ дар доираи бозиҳои ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон соати 16- 30 дақиқа баргузор мегардад. 
Дар дидори пешини ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе , дастаи «Истиқлол» клуби футболи «Хуҷанд» -ро бо ҳисоби 6-1 шикаст дода буд.

Август 19, 2015 04:04

Хабарҳои дигари ин бахш