Имзои созишнома миёни прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Қирғизистон

Август 28, 2015 04:22

Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар доираи сафари кории худ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юсуф Раҳмон ба ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, вохӯрии дуҷониба бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Индира Джолдубаева анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ, масъалаҳои мусоидат ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирии ҳодисаҳо ва муноқишаҳои аҳолии наздисарҳадӣ, дақиқан ва объективона пеш бурдани тафтишоти ҳодисаҳои бавуҷудомада, аз ҷумла созмон додани гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ, бозпас додани маҳбусон — шаҳрвандони якдигар барои адои минбаъдаи ҷазо дар қаламрави Ватани хеш баррасӣ гардиданд.
Дар охир бо мақсади амалан татбиқ намудани масъалаҳои баррасишуда, созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Август 28, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст