Иштироки дастаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба биатлони танкӣ

Август 10, 2015 05:57

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз 21-ум июл то 16-уми августи соли 2015 дар ҳудуди Федератсияи Русия, дар машқгоҳи «Алабино» Чемпионати ҷаҳон оид ба биатлони танкӣ (танковый биатлон) таҳти унвони Мусобиқаи умумиҳарбӣ-2015 («АрМИ-2015») баргузор шуда истодааст, ки дар он дастаҳо аз Қувваҳои Мусаллаҳи 13 давлат иштирок менамоянд.
Бори аввал аст, ки дар ин мусобиқаи умумиҳарбии байналмиллалӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як даста иборат аз 3 экипаж ширкат меварзанд.
Рӯзи 25-уми июли соли 2015 қуръапартоӣ доир гардида, дар натиҷа рангҳои танкҳои дастаҳои иштироккунанда ва навбати онҳо муайян карда шуданд. Ҳамчунин натиҷаи қуръапартоӣ нишон дод, ки дастаи Тоҷикистон дар навбати аввал бо танкҳои рангаш сабз сабқат намуда,  дар ин навбат, дастаҳо аз Ҷумҳурии Сербия, Венесуелла ва Никарагу низ ҳамроҳ мебароянд.
Дастаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми августи соли 2015 аллакай ду навбати худро дар биатлони танкӣ гузаронид. Мавриди зикр аст, ки баромади дастаҳо дар се марҳила, индевидуалӣ, нимфиналӣ ва финалӣ сурат мегирад.
Ҷараёни мусобиқа нишон дод, ки дастаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври нимниҳоӣ баромадааст. 
Чунон ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, дастаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ қабл аз баргузории мусобиқаи мазкур дар машқгоҳи Лоҳур бо роҳбарии сардори Раёсати тайёрии ҷангии Вазорати мудофиа полковник Баҳром Зоирзода омодагии ҳамаҷониба гирифта буданд.

 

Август 10, 2015 05:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст