Иштироки варзишгарон кишвар дар мусобиқаи бокс дар Бангкок

Август 25, 2015 06:06

Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ  «Ховар»,).-Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки аз 26 август то 6 сентябр дар пойтахти Тайланд, шаҳри Бангкок баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Кумитаи миллӣ олимпии кишвар,ба ҳайати мунтахаби кишвар беҳтарин муштзанҳои тоҷик, ба мисли Анвар Юнусов  дар вазни 60 кг, Ҷаҳон Қурбонов  91 кг, Шавкат Раҳимов 64 кг, Муродҷон Расулов 49 кг, Воҳид Асроров 56 кг  шомиланд.
Дар ин мусобиқа варзишгарон барои ҷойҳои аз 1 то 7 мубориза бурда, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки  аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар Қатар барпо мегардад, мушарраф мешаванд
Варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Барои занон мусобиқаи интихобӣ моҳи феврали соли 2016 баргузор мешавад. Мардон бошанд, соли оянда дар ду мусобиқаи интихобӣ — моҳи март дар Чин ва моҳи июн дар Боку — ширкат хоҳанд кард.

Август 25, 2015 06:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст