Истаравшан: Навсозии роҳҳо

Август 27, 2015 05:36

Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд,  дар доираи Барномаи вилоятии  «Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод» дар шаҳри Истаравшан 240 км роҳҳои ҳудуди шаҳр таъмир шудааст.
Чунон ки  аз мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Истаравшан хабар доданд, нақшаи навсозии роҳҳо дар ин шаҳр ба андозаи 103,2 фоиз таъмин шудааст. Ҳамин тариқ,  соли равон ба роҳсозони ин шаҳри бостонӣ имкон даст дод, ки 9,4 км роҳро пурра ва 140 километрро таъмири ҷорӣ намоянд. Дарозии роҳҳои шағалпӯшшуда ба бештар аз 90 км мерасад.
Барои таъмири 240 км роҳҳои Истаравшан аз ҳамаи сарчашмаҳо 4 миллиону 859,9 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Август 27, 2015 05:36

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид