Истироҳати 110 кӯдаку навраси хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон дар Суғд

Август 14, 2015 02:41

Суғд, 14.08.2015 (АМИТ “Ховар”,).-Бо дастуру супоришҳои сарвари давлат ва ташаббуси роҳбарияти вилояти Суғд боз 110 нафар кӯдакону наврасоне, ки хонаводаҳояшон бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, аз вилояти Бадахшон ба вилояти Суғд оварда шудаанд.
Наврасону кӯдакони мактабҳои ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Ванҷи вилояти Бадахшон низ дар истироҳатгоҳи «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” — и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир карда шуда, барои истироҳаташон шароитҳои лозима фароҳам оварда шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки қабл аз ин 50 нафар кӯдакону наврасон аз минтақаи Рашт, ки хонаводаҳояшон аз офати табии рӯзҳои охир зарар дида буданд, дар  истироҳатгоҳи «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” — и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо фароҳам оваррони шароитҳои мусоид, ҷойгир  шуда буданд.
Ин наврсон то оғози соли таҳсил ба истироҳат ва сипас бо таълим дар мактабҳои вилоят фаро гирифта мешаванд.

 

 

 

 

Август 14, 2015 02:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид