Комиссияи Аврупо барои журналистон озмун эълон менамояд
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Комиссияи Аврупо озмуни соли 2015 барои гирифтани ҷоизаи ба номи Лоренсо Наталиро эълон кард. Ҷоизаи мазкур ба рӯзноманигорони барҷаста, ки дар бораи рушду тараққиёт ва хусусан, аз байн бурдани камбизоатӣ асарҳои шоиста пешниҳод мекунанд, дода мешавад.
Вазири Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ Невен Мимитса гуфт: «Мақсади соли рушди Аврупо ин аст, ки мо ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳо дар ҷодаи тараққиёт хабар дода, натиҷаҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои онро, ки якҷоя донори бузургтарини дунё ба шумор мераванд, нишон диҳем «.
Рӯзноманигорони ҳаводор, аз ҷумла блогнависон, метавонанд ҳамчун як гурӯҳи алоҳида дар озмун мазкур иштирок намоянд.
Ҷоизаи Лоренсо Натали ба як рӯзноманигори ҳаводор ва як рӯзноманигори касбӣ аз ҳар панҷ минтақаҳои зайл дода мешавад: Аврупо, Африқо, Шарқи Миёна ва кишварҳои араб, Амрикои Лотинӣ ва Халиҷи Кариб, Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором. Ғолиб тӯҳфа ва мукофоти пулӣ ба маблағи 5 ҳазор евро мегирад.
Ғайр аз ин, гурӯҳи калони доварони мустақил аз мобайни ғолибони минтақавӣ як ғолиби шостаро муайян намуда, ба ӯ мукофоти иловагӣ ба маблағи 5 ҳазор евро медиҳанд. Ғолибон моҳи декабри соли 2015 дар вақти маросими супурдани ҷоиза дар шаҳри Брюссел эълон мешаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






