Комиссияи Аврупо барои журналистон озмун эълон менамояд

Август 25, 2015 04:41

Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Комиссияи Аврупо озмуни соли 2015 барои гирифтани ҷоизаи ба номи Лоренсо Наталиро  эълон кард. Ҷоизаи мазкур ба рӯзноманигорони барҷаста, ки дар бораи рушду тараққиёт ва  хусусан, аз байн бурдани камбизоатӣ асарҳои шоиста пешниҳод мекунанд, дода мешавад.
Вазири Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ Невен Мимитса гуфт: «Мақсади соли рушди Аврупо ин аст, ки мо ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳо дар ҷодаи тараққиёт хабар дода, натиҷаҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои онро, ки якҷоя донори бузургтарини дунё ба шумор мераванд, нишон диҳем «.
Рӯзноманигорони ҳаводор, аз ҷумла блогнависон, метавонанд ҳамчун як гурӯҳи алоҳида дар озмун мазкур иштирок намоянд.
Ҷоизаи Лоренсо Натали ба як рӯзноманигори ҳаводор ва як рӯзноманигори касбӣ аз ҳар панҷ минтақаҳои зайл дода мешавад: Аврупо, Африқо, Шарқи Миёна ва кишварҳои араб, Амрикои Лотинӣ ва Халиҷи Кариб, Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором. Ғолиб тӯҳфа ва мукофоти пулӣ ба маблағи 5 ҳазор евро мегирад.
Ғайр аз ин, гурӯҳи калони доварони мустақил аз мобайни ғолибони минтақавӣ як ғолиби шостаро муайян намуда, ба ӯ мукофоти иловагӣ ба маблағи 5 ҳазор евро медиҳанд. Ғолибон моҳи декабри соли 2015 дар вақти маросими супурдани ҷоиза дар шаҳри Брюссел эълон мешаванд.

Август 25, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд