Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар синфхонаи Раёсат Хадамоти муҳоҷират аз ҷониби кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Раёсат дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатӣ 76 вохӯрӣ гузаронида шуд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тақвияти маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, навигариҳо дар соҳаи қонунгузории Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва гирифтани патент ба муҳоҷирони меҳнатие, ки рафтуомадашон ба Федератсияи Россия манъ гардидаасту хоҳиши дар ташкилоту муассисаҳои пойтахт кор карданро доранд, мехоҳанд дар кишварҳои дигари будубош фаъолият намоянд ё ба соҳибкории хурду миёна ва касбомӯзӣ машғул шаванд, иттилооти мукаммал дода мешавад.
Дар баробари ин, варақаҳои иттилоотии «Муҳоҷир-2015, Фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсия Россия дар асоси патент: Қоидаҳои нав», «Роҳхат. Маркази мусоидат ба муҳоҷирон», «Тартиби гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Россия», «Тартиби гирифтани иҷозат барои кор ва патент», «Ёддошт ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд» ва китобчаи «Мигрант -2015, Осуществление трудовой деятельности в Россиской Федерации на основании патента: Новые правила», «Как получить патент для работы в Российской Федерации», дастури кумакрасонӣ оид ба таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ бо кор ки аз ҷониби Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург дастрас гардидааст, дар байни иштирокчиён тақсим шудаанд.
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба «Ховар» иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






