Корҳои лоиҳакашӣ барои ҷорӣ кардани оби обанбори сунъии дарёи Гунд
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Обанбори сунъии дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнон баамаломада, метавонад барои аҳолии ин ноҳия ва сокинони дигар навоҳии аз водии Гунд поёнтар ҷойгирбуда, хатари ҷиддиро ба вуҷуд оварад.
Ба иттилои сардори ситоди холатҳои фавқулодда ва мудофиаи шахрвандии ВМКБ Дӯстӣ Худоёров, барои муташаккилона рахна намудани оби ин обанбор масъулин кор бурда истодаанд, зеро дар ҳолати сар задании заминҷунбӣ ё дигар офати табиӣ ва яку якбора рахна шудани сарбанд метавонад боиси натиҷаҳои нохуш гардад. Дар ин обанбор зиёда аз 9 миллион метри мукааб об ҷамъ омадааст. Барои ҳамин ҳоло корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби масъулин давом дорад ва аз оғози фасли сармо, ки об гардидани пиряхҳо қатъ гардида, сатҳи дарёҳо поён меравад оби обанбор тадриҷан бо кубурҳо ба дарёи Ғунд сар дода мешавад.
-Аз ин обанбори сунъӣ то нерӯгоҳи обии «Помир 1», ки нерӯгоҳи калонтарини ширкати барқии Помирэнержи мебошад ва нисфи вилоятро бо барқ таъмин менамояд, на кам аз 700 метр масофа аст.
Ёдрас мешавем, ки обанбори мазкур дар натиҷаи баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхи Барсем ба вуҷуд омада буд. Ин пирях дар қаторкӯҳҳои дараи Барсем ба ду қисм ҷудо шуда, як қисмати он бо оби рӯди куҳӣ нисфи деҳаи Барсемро шуста, маҷрои дарёи Ғундро банд намуд.
Аз 16-ум то 30 июли соли равон об шудани пирях давом ёфта, маҷрои дарёи Ғунд панҷ маротиба зиёд гардид.
Деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дид, аз 208 хоҷагӣ иборат буда, аҳолии муқими он 1443 нафарро ташкил медод. Деҳаи Колхозободи ин ноҳия аз 44 хоҷагиву 290 нафар аҳолӣ иборат буд.
Дарозии обанбори сунъӣ зиёда аз 3,5 км буда, пахноии он аз 200 то 700 метр мебошад. Чуқурии он аз 25 то 60 метрро ташкил менамояд ва ҳаҷми оби обанбории сунъӣ бетағйир аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






