Кумаки Чин ба осебдидагони офати табиии Бадахшон

Август 21, 2015 06:21

Хоруғ  21.08.2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).-Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 1 млн доллар ба осебдидагони офати табии вилояти Бадахшон кумак кард. Корвони мошинҳои омили кумакҳои башардӯстонаи Чин ағбаи Қулмаро убур карда, ба маркази ноҳияи Мурғоб расиданд.
Бино ба иттилои муовини раиси вилоят Исрор Исроров,  ин корвон аз 60 мошини пуриқтидори боркаш  иборат буда, маводҳои сохтмонӣ, васоити муҳими техникӣ аз ҷумла як экскаватор, як булдозер ва ду механизми борбардор, ҳамчунин ҳазор тонна семент, арматуру ноқилҳои ғафси сохтмонӣ, трансфарматор ва дастгоҳҳои барқии дизелиро барои маҳаллаҳои зарардидаи вилояти Бадахшон дар бар мегирад.

 

Август 21, 2015 06:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд