Кумаки навбатӣ ба осебдидагони Бадахшон аз ҷониби ФИКТ ва «Ҳамсоягии нек»
Хоруғ, 22. 08 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).-Федератсияи мустақили иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ба ҳар оилаи аз офати табиӣ осебдидаи деҳаи Барсем 500 сомонӣ кумак кард.
Зимни боздид аз шаҳраки хаймавӣ раиси федератсия Шерхон Одина бо шароити зисти сокинон аз наздик шинос гардида, гуфт, ки бо дастури Сарвари давлат то фаро расидани фасли сармо ҷабрдидагон ҳамаашон ба хонаҳои нави истиқоматӣ хоҳанд кучид. Бо истифода аз имконоти молӣ федератсияи итифоқи касаба мекушад дар оянда низ имдоди худро ба офатдидагон расонад.
Дар ин рӯз яке аз ташкилотҳои байналмилалии «Ҳамсоягии нек»-и Ҷумҳурии Корея низ ба оилаҳои зарардида орду равған ва ба фарзандони онҳо ашёи зарурии хонишро тақдим намуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






