Маҳви 40 ифротгаро дар Покистон

Август 17, 2015 03:09

   Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). — Дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳаҳои мусаллаҳи Покистон дар Вазиристони ин кишвар беш аз 40 мусаллаҳи ифротгаро нобуд карда шуд. Тибқи маълумоти қувваҳои мусаллаҳи Покистон, ҳавопаймоҳои қувваҳои  ин кишвар қароргоҳи ин гурўҳи мусаллаҳи ифротгароро дар минтақаи «Шавол»-и Вазиристон мавриди ҳамла қарор дода, 40 нафари  онҳоро маҳв намуданд. Ин ҳамла баъд аз қатли вазири дохилии минтақаи Панҷоб Шуҷоъ Берзод дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона, ки хонаи ўро ҳадаф қарор дода буданд, сурат гирифт.

Август 17, 2015 03:09

Хабарҳои дигари ин бахш