Маҳви 88 ҷангии ифротгаро дар Афғонистон

Август 6, 2015 03:00

Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар давоми ду шабонарӯзи охир дар қаламрави Афғонистон 88 ҷангии ифротгарои мусаллаҳ маҳв карда шуд. 
Расонаҳои хабарӣ бо такя ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар иттилоъ медиҳанд, ки амалиёти поксозӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон сурат гирифта, аз ҷумла дар Нангарҳор беш аз 60 нафар террорист нобуд гаштааст.
Террористони маҳвгардида аъзои гурӯҳи ифротии «Толибон» ва ифротгароёни “Давлати Исломӣ” мебошанд. 

 

Август 6, 2015 03:00

Хабарҳои дигари ин бахш