Маърифати идеологии занон вазифаи аввалиндараҷа аст
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом ,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо
Мирзо Турсунзода
Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар») .-Нақши занон, модарон ва ҷомеаро дар зиндагии ҳар шахси воқеӣ наметавон нодида гирифт. Беҳуда нест, ки Ватанро ба Модар шабоҳат додаанд ва гуфтаанд, ки ҳифзи Ватан — ҳифзи модар аст.
Иборае машҳур аст, ки «оила — як воҳиди ҷомеа мебошад». Ин воҳидро бо «оташ ва нур» -и худ (ба гуфти устод М. Турсунзода) маҳз модар нигоҳ медорад. Агар «оташ ва нур» дар оила тира ва ногиро бошад, на танҳо дар доираи оила, балки дар ҷомеа равандҳои манфӣ ва номатлуб пайдо мегарданд, ки боиси сар задани мушкилот дар таҳкими хонавода ва ҷомеа мегарданд.
Ин аст, ки соли 2015 –ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон намуд.
Як мушкилоти шадиди замони мо — таъсири мафкураи бегона ба ҷавонон, аз ҷумла духтарон ва занони ҷавон аст. Тавре ки сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ зикр намуд, — «терроризм ва экстремизм , аз як ҷониб , чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар , аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд истиқлолияти давлат, амният ва суботи ҷомеаро эҳтиром намуда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро дар таблиғи ақидаҳои экстремистӣ аз даст надиҳад». Суханони Сарвари давлат дар бораи он ки «ба таблиғи бегона аз ақидаҳои экстремистӣ дода нашавед» маънои амиқи сиёсӣ ва идеологӣ доранд, зеро маҳз ақидаҳои экстремистӣ ба тероризм талқин менамоянд.
Дар асоси ин гуфтаҳои Президенти мӯҳтарамамон, таъсири идеологияи бегонаро ба духтарон ва занони ҷавон дар асоси таассуби динӣ, метавон як фоҷиаи миллӣ номид. Саргармии духтарон ва занони ҷавон ба идеологияи бегона онҳоро ба роҳи терроризм ва экстремизм мебарад, ки ба як фоҷиаи дукарата ба сари оилаю ҷомеа оварда мерасонад.
Зиёда аз он,ин фоҷиаи аз ҳама ҷавонтарини занон аст, ки, аз сабаби набудани омодагии дурусти ғоявӣ , фаҳмотар карда гӯем аз сабаби набудани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандўстӣ, зери таъсири идеологияи бегонаи экстремистӣ меафтанд. Чашмони онҳо танҳо баъди он кушода мешаванд, ки худашон шоҳиди бевоситаи амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд. Мо қариб ҳар рӯз дар ВАО шаҳодат ва эътирофи шахсии онҳоро мехонем ва мебинем. Он чи ки онҳо мегӯянд наметавон онро баст , гуфтаҳои онҳо ин ҳақиқати бераҳмонаест, ки онҳо аз аблаҳӣ ва камсаводӣ фирефта шуда, гирифтор гардиданд. Яке аз истиқоматкунандагони 30-солаи шаҳри Душанбе Ҷамолбӣ Ҳамидова , бо ҳасрати талхе дар бораи сафараш ба ҳудуди идоракунандаи ДИИШ нақл намуда,мегуяд: «ман ҳамаи духтарон ва занонро даъват менамоям,ки хатогии маро такрор накунанд. Шумо қимматтарин чизеро, ки доред, аз даст медиҳед».
Ин ва дигар нақлҳои занон натиҷаи ғамангез аз ғуломӣ ва фиребхӯрдагиро ба таври возеҳ нишон медиҳанд. Барои пешгирии чунин зуҳурот, маърифат ва идеологии ҷавонон, махсусан духтарон ва занони ҷавонро баланд намудан зарур аст. Имрӯз, маърифати идеологии ҷавонон бояд афзалиятнок ва вазифаи аввалиндараҷаи тамоми ҷомеа бошад. Танҳо тарбият ва илқои эҳсоси ватандорӣ дар зеҳни онҳо метавонанд онҳоро аз гирифторӣ ба мафкураи бегона пешгирӣ намояд. Парвариши эҳсоси ватандорӣ, бояд пеш аз ҳама тавассути таълиму тарбия ва тарғиб дар ВАО, махсусан тавассути шабакаҳои интернетӣ, ки дар он ҷавонон бештар фаъоланд, ҷорӣ гардад.
Фарқияти байни чорабиниҳои фарҳангию илмӣ ва кори сирф ғоявиро дарк кардан зарур аст. Мақомоти масъули кор бо ҷавонон ва занонро зарур аст, роҳҳои самараноки таълим ва талқини мафкураи дунявии миллию ватандӯстиро инкишоф бидиҳанд . Ба назари мо, инро танҳо бо гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ наметавон ба даст овард. Бешубҳа, чорабиниҳои фарҳангӣ заруранд, аммо бояд дар хотир дошт, ки ин ҳанӯз як қисмати кори идеологӣ ва сиёсию маърифатист, қисмате, ки намоишӣ аст.
Аммо барои он ки ҷавонон, аз он ҷумла духтарон воқеан бошуурона ва бо ҷидду ҷаҳд дар ин чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, шиорҳо ва даъватҳоро самимона бипазиранд, онҳо бояд бошуурона, ватандӯстона , барои хифзи кишвари миллию дунявӣ омода бошанд.
Мунира Аҳтамова
Дотсенти Донишгоҳи (Славянии )
Русияву Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






