Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Николай Бордюжа ба муҳтаво ва ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои умедбахш хоҳад овард.
Гуфтугўйи судманд доир ба рафти иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД аз 23 сентябри соли 2013 доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзўр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои тарҳрезишудаи муштараки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа нақши муассиру судбахш хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






