Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Масоили омодагӣ ба баргузории Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Горкун баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, охири моҳи октябри соли равон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ дар назар аст.
Бо назардошти таҷрибаи зиёди ҷониби Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ изҳори бовар карда шуд, ки ин чорабинӣ ҳам дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба муқарароти пешбинишуда баргузор мегардад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






