Мулоқоти созанда бо сокинони фаъоли шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумита ва аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо доираи васеи сокинон, аз ҷумла, ҷавонон, занон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб силсилаи мулоқотҳоро дар кӯчаву маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо доир намуданд.
Намояндагони Кумита ва Иттифоқи ҷавонон дар мулоқоту вохӯриҳо дар хусуси банақшагирии оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, мақом ва аҳамияти оила аз нуқтаи назари ислом ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, нигоҳдошти сирри оила ва расидан ба арзишҳои хонаводагӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва оқибатҳои нангини он, фарҳанги либоспӯшӣ ва расидан ба арзишҳои миллӣ, омилҳои номатлуб дар ҷомеа, пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҳадафҳои пасипардагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, раванди ҷаҳонишавӣ ва тақдири давлатҳои миллӣ суҳбат намуданд.
Дар назар аст, ки дар доираи ин мулоқотҳо чоpабиниҳои маъpифатию иттилоотӣ оид ба пешгиpии бемоpиҳои сиpоятии ҷинсӣ, ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ даp байни ҷавонон ва оилаҳои онҳо низ гузаронида шавад.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чунин силсиламулоқот дар дигар маҳаллаю кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб то 23 августи соли равон идома хоҳад ёфт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






