Мусодираи зиёда аз 300 килограмм шираи камол
Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 24-уми августи соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, марди 38-солаи сокини ноҳияи Қубодиёнро боздошт намуданд, ки ба қочоки шираи камол даст доштааст.
Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили бағоҷи он 331килою 035 грамм маводи шираи камол дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳангоми санҷиш муайян шуд, ки маводи мазкур ба марди 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ доштааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






