Натиҷаҳои Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Аз 11 то 16 августи соли 2015 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба вуқӯъ пайвастанд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, 12 август мулоқоти ҳайати расмии ҷониби Тоҷикистон бо муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Алла Манилова сурат гирифта, тарафҳо доир ба масоили вусъати муносибатҳои фарҳангӣ, табодули таҷрибаҳо, бозомӯзии мутахассисон ва афзун намудани теъдоди квотаҳо барои таҳсил дар муассисаҳои олии фарҳангу ҳунари Федератсияи Русия табодули афкор намуданд.
Маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар толори Кохи «Филармония-2» -и шаҳри Москва оғоз гардид. Қабл аз он, намоиши аксҳо ва либосҳои муосиру миллии тоҷик, ки инъикосгари урфу одат, манзараҳои зебо ва дастовардҳои замони Истиқлол буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
13 август гуруҳи сарояндагон ва мутрибон дар толори Театри давлатии “Ҳунарманди Синамо”-и пойтахти Русия ва 15 август дар шаҳри Раменское савту навоҳои дилошӯби миллиро пешкаши тамошобинон гардониданд, ки дар он роҳбарияти шаҳрдорӣ ширкат намуда, ба ҳунарнамоии фиристодагони Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ ансамбли рақсии “Базморо” ва гуруҳи доиранавозони шаҳри Хуҷанд дар Фестивали байналмилалии фарҳанги халқҳои ҷаҳон “Қаламрави сулҳ”-и шаҳри Калининград ширкат намуданд. Дар ин Фестивали бонуфуз намояндагони Федератсияи Русия, Туркия, Ҳиндустон, Кипр, Полша, Дания, Италия ширкат доштанд.
Дар ин радиф рӯзи 14 август вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон бо муовини раиси Ҳукумати вилояти Калининград Силанов Алексей ва Вазири фарҳанги вилояти Калининград Кондратьева Светлана доир шуд, ки дар он вусъати робитаҳои фарҳангӣ мавриди назар қарор гирифтанд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бори дигар собит сохт, ки чунин тадбирҳо баҳри таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, дӯстии халқҳо такони ҷиддӣ бахшида, саҳифаҳои тозаро дар таърихи муносибатҳои тарафайн боз менамоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






