Навсозӣ дар роҳҳои Айнӣ-Панҷакент

Август 1, 2015 03:20

Панҷакент, 1.08.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Се сол инҷониб  мутахассисони ширкати роҳу пулсозии «Синзян — Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамдастӣ бо машваратчиёни Олмон дар татбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент фаъолияти муштарак доранд. Барои таҷдиду навсозии ин роҳ 115,3 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Аз маблағи ҷудошуда 100 миллиони онро гранти Бонки Осиёии рушд ташкил медиҳад. Феълан роҳи Айнӣ-Панҷакент Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тариқи шаҳри Панҷакент пайваст менамояд.
Ҳоло дар роҳи Айнӣ-Панҷакент (роҳи 112,7 километр дарозидошта) корҳои ҳамворкунӣ ба итмом расида, мумфаршкунии роҳ идома дорад. Тибқи нақша бояд, ки корҳои мумхобонӣ дар ин роҳ то сарҳади ҷумҳурии Ӯзбекистон ба анҷом расанд. Роҳи мошингард аз чор хати ҳаракат иборат буда, дар асоси муқаррароти сатҳи байналмиллалӣ татбиқ мешавад. Корҳо дар ин мавзеъ дар ду баст ба роҳ монда шудаанд. Дар айни ҳол таҷдид намудани роҳ дар километри 59-64 ва  92-94-и маркази шаҳри Панҷакент идома дошта,  192 техникаи роҳсозии муосир ба кор сафарбар шудааст. Феълан 112,7 километр роҳи асосӣ,  60 километр роҳи маҳаллӣ,  ки солҳо боз таъмирталаб ҳастанд, дар давоми солҳои охир навсозӣ гардида, роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ таъмир мегарданд. Аз оғози кор инҷониб 360 коргару мутахассис дар қитъаҳои гуногуни роҳ ба кор ҷалб шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент соли 2012 оғоз гардида, дар баробари корҳои бунёдкорӣ ҳаракати нақлиёт баста нашудааст. Роҳи мошингарди  Айнӣ- Панҷакент бо паҳноии 8-12 метр идома карда, паҳноии он дар шаҳри Панҷакент ба 20 метр расонида шудааст, ки ба рафтуомади ҳама намуди нақлиёти мусофирбару боркаш мусоидат мекунад. То ба имрӯз 65 дарсади маблағҳои пешбинигардида аз худ шуда, вусъати корҳои роҳсозӣ тибқи лоиҳа дар муҳлати муайянгардида бояд ба анҷом расонида шавад. Тибқи нақша дар ин лоиҳа 31 пул бо масофаи умумии 884 метр сохта шуда,  ҳоло 80 дарсади корҳои пулсозӣ анҷом ёфтаанд. Ба иттилои масъулин, то ба имрӯз 99 дарсади корҳои сангу шағал, 95 дарсад корҳои васеъкунии ҷода ва инчунин 93 фоизи  дарсади қирпӯшкунии қабати якуми роҳ ва 68 фоизи қирпӯшкунии қабати дуюми роҳи  Панҷакент–Айнӣ-сарҳади Ӯзбекистон ба анҷом расидаанд.

Август 1, 2015 03:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид