Оғози сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон субҳи имрӯз бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”-шаҳри Ашхобод оғоз ёфт.
Барои истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Туркманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Минбаъд маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза доштан ба афсарону сарбозони горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Ашхобод идома ёфта, бо расми гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат, Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, оғоз ёфт.
Президенти Туркманистон таъкид дошт: “мо сафари расмии шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус дар бахши ҳифзи амну субот ва сулҳу салоҳ мавқеи ҳамсон доранд”. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат ва илму фарҳанг баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳамсону ягона доштани Тоҷикистону Туркманистонро доир ба аксари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ басо муҳим номида, таъкид дошт, ки чунин мавқеъгирӣ заминаи хубе аст барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ.
Изҳори бовар карда шуд, ки мулоқоти музокироти имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расидани 5 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, телевизиону радио, китобдорӣ ва ғайра дар назар аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






