Олими варзида, муҳаққиқи дақиқназар
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Тибқи иттилои директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо Сахидод Хоркашев бахшида ба 100 -солагии устод Носирҷон Маъсумӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ конфронси илмӣ доир мегардад.
Устод Носирҷон Маъсумӣ шоир, омӯзгор, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ ва фолклоршиноси варзида буд. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Носирҷон Маъсумӣ китоби рӯимизии ҳар тоҷики бедордил — Фарҳанги забони тоҷикӣ, Луғати русию тоҷикӣ таълиф гардид. Устод Маъсумӣ воқеан андешаю дониши қомусӣ дошт, яъне энсиклопедист буд. Ӯ солҳои сол директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, корманди раёсати Академияи улум, ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ва омӯзгори донишкадаи мазкур буд. Н. Маъсумӣ зодаи деҳаи Қаратоғ буда, дар қатори устод Мирзо Турсунзода яке аз барӯмандтарин фарзонафарзанди миллати тоҷик аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






