Омӯзиши ҳамкорӣ бо ҷомеа дар ноҳияи Ҷиргатол

Август 28, 2015 04:16

Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар» ).- «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия ва мубодилаи таҷриба дар самти тасдиқи Консепсияи «Ҳамкорӣ бо ҷомеа,» -таҳти чунин унвон дирӯз, 27-уми август дар ноҳияи Ҷиргатол машғулиятиомӯзишӣ  доир гардид.
Омӯзиши мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии САҲА гузаронида шуд, дар кори он масъулин аз ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия  ва робита оид ба ислоҳоти милитсияи САҲА, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия аз ноҳияи Ҷиргатол ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат доштанд.
Дар рафти муҳокимаи мавзӯи мазкур масъулин барои баланд бардоштани  корҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо дар фаъолияти милитсия, тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва мувофиқан баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия пешниҳодҳои судманд намуданд.

Август 28, 2015 04:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст