Омӯзиши фаъолияти назоратӣ ва илмии ҳифзи захираҳои об

Август 28, 2015 04:27
Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзўи «Фаъолияти назоратӣ ва илмии ҳифзи захираҳои об» семинар доир гардид.
 
Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита Саидмуҳиддин Маҳмадаминов оид ба назорати давлатӣ дар самти истифодаи манбаъҳои обӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, дар бораи кўлу дарёҳо ва дигар захираҳои обии ҳудуди кишвар ва ҳолати экологии онҳо маълумот дод.
 
Саидмуҳиддин Маҳмадаминов зикр намуд, ки давоми нимсолаи якуми соли 2015 аз тарафи нозирони мақомоти соҳа 1694 санҷиш гузаронида шудааст ва барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида ба 3146 адад супориши ҳатмӣ дода шуда, аз он 2525 адад иҷро шудааст. 
 
Санҷишҳои гузаронидашуда ба барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла дастрасии аҳолӣ бо оби нўшокӣ мусоидат намуда, масъулияти риоя намудани қонунҳои соҳа аз ҷониби табиатистифодабарандагон таъмин мегардад. 
    
 
Август 28, 2015 04:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст