Оши палав ва меъёри истеъмоли он

Август 15, 2015 05:45

Душанбе, 15.08.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Чанд муддат аст, ки дар 68 шаҳру ноҳияи кишвар фестивал-озмуни ҷумҳурияии Оши палав идома дорад, ки мақсад аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои сарҷамъӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад. Аммо масъалаи дигаре, ки бояд аз ҷониби истеъмолгарони оши палав  риоя шавад, риояи меъёри хӯрдани он маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин масъала назари чанде аз коршиносонро пурсон шудем. 

Ба гуфтаи Офоқхон Каттаев собиқадори соҳаи савдо ва хӯроки умумии ҷумҳурӣ аз ҳисоби омода кардани оши палав  қариб 300  намуди ош  дар ҷумҳурӣ маъмул аст. Ҳар  навъи ош  вобаста ба  маҳал ва минтақаҳои гуногуни кишвар  омода карда шуда, тамъу намуди хоси худро дорад: «Масалан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, ошро сурх мекунанд, ҳама маводҳоро меандозанд нағз мезербонанд, ки маҳз ҳамин зербак кардан ба он ранги сурх медиҳад ва колориянокии ин гуна ош хеле баланд аст»,- иброз дошт Офоқхон Каттаев. Аммо ба гуфтаи номбурда оши рангаш сурх ва ё зербакшуда барои ҳамаи хоҳишмандон тавсия  дода намешавад, зеро он дар таркибаш калорияи зиёд дошта, истеъмолкунандагони он бояд ҷисман обутобёфта бошанд. Ӯ баён дошт, ки ин навъи ошро бо сабаби  бисёртар бо равғани думба, биринҷи девзира, гӯшти гусфанд омода шуданаш на ҳама истеъмол карда метавонад: «Ин намуди ошро ҳамон касоне, ки дар колхоз каланд зада кор мекунанд метавонанд истеъмол кунанд, зеро онҳо энергияи зиёд сарф карда, ниёз ба хӯроки серколория доранд»-илова намуд Офоқхон Катаев.

Собиқадори соҳаи савдо ва хӯроки умумии ҷумҳурӣ Офоқхон Каттаев иброз дошт, ки истеъмоли навъҳои оши палав, ки бо мақсади  зебо ва хушлаззат будан  бо дигар маҳсулоти ғизоӣ оро дода мешаванд, хусусан барои нафароне, ки дар идора ва ё утоқҳои офисӣ кор мекунанд тавсия дода намешавад. Зеро ба гуфтаи номбурда ин гуна шахсон  бештари вақти худро назди мизи корӣ ва ё компютерҳо гузаронида, ба ҳаракати ҷисмонӣ камтар машғул  мешаванд ва организми онҳо имконияти ҳазми оши сермаҳсулро надорад. «Ҳар коргар ҳар қадаре ки колория сарф мекунад, ҳамон қадар хӯрок хӯрданаш даркор. Масалан коргарони корашон сабукро зарур нест, ки 5 ҳазор 6 ҳазор колория гиранд. Ин 5-6 ҳазор калория  барои шахтёрҳо, ҳамонҳое, ки дар саноати вазнин, саноати кӯҳӣ  ва конҳо кор мекунанд, лозим аст»-мегӯяд Офоқхон Каттаев.

Меъёри истеъмоли оши палав бояд чӣ гуна бошад?

Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб имсол теъдоди беморон аз ҳисоби хӯрокиҳои равғанӣ ва серхӯрӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Матлуба Самадова-духтури табобатии  Беморхонаи клиникии шаҳрии № 5 дар робита ба ин иброз медорад, ки  ба бемории рӯдаву меъда  бештар занон гирифтор мешаванд. Зеро ба гуфтаи мавсуф мардон,  чун одат ба корҳои гуногуни  ҷисмонӣ ва ё ягон шуғл банд буда, занон, ки қисман дар хона  менишинанд ба хӯрдани ҳар гуна ғизо машғуланд. Нафароне, ки бемории дил ва ё фишорбаландӣ доранд  набояд хӯроки серравғану сермаҳсул хӯранд,- мегӯяд Матлуба Самадова. « Аз зиёд хӯрдани ғизо кори дили ин гуна беморон вазнин шуда, фишорашон  баланд мешавад»,-меафзояд ин  духтури табобатӣ.

Меъёри истеъмоли оши палав, ки яке аз таомҳои миллии халқи тоҷик маҳсуб меёабад, бояд аз ҷониби истеъмолгарон   риоя гардад. Зеро дар таркиби  ин навъи таъом аксаран равғани гӯсфанд илова мегардад, ки ин низ метавонад ба организми инсон таъсир расонад. « Ош бояд бо равғани растанӣ пухта шуда, гӯшти гов  ё парранда дар таркибаш бошад, аммо агар ба он думба, равғани зағер, қаламфури зиёд андохта бошанд, он ба организми беморони дил ва фишорбаланд таъсири манфӣ мерасонад»,-иброз медорад  Матлуба Самадова. Ҳамчунин мутаххасисони соҳаи тиб ба ҳамаи истеъмолкунандагони хӯрокҳои равғанин, хусусан оши палав тавсия медиҳанд, ки пас аз истеъмоли чунин таомҳо 2-3 рӯз бояд организмашонро аз хӯрдани хӯроки вазнин нигоҳ доранд. Дар ин маврид истеъмолгарон метавонанд шӯрбои беравған, мастоба бо чакка, гречкаро бо  нони ду-серӯза истеъмол намоянд, мегӯянд мутахассисон. «Истеъмолгарони оши палав бояд кӯшиш кунанд, ки бо хӯрдани  маводҳои дар боло зикршуда, ҳиссиёти серии худро муайян намуда, ба хӯрдани ғизои равғанин худро маҷбур насозанд»,-таъкид менамояд Матлуба Самадова.      

Тавсияи дигаре, ки мутахассисони соҳаи тиб ба истеъмолгарони оши палав  медиҳанд, дар якҷоягӣ, хусусан ҳамроҳ бо хонавода хӯрдани ин таъоми суннатии халқи тоҷик мебошад. Зеро ба гуфтаи онҳо дар сари дастархон бо аҳли хонавода истеъмоли оши палав барои инсон имкон медиҳад, ки хӯрокро бо хушҳолӣ истеъмол намояд ва организм хӯрокро хуб ҳазм намуда, ба беморӣ  камтар гирифтор мешавад. Аммо дар ҳар сурат табибон  маслиҳат медиҳанд, ки истеъмоли оши палав барои касе зарар дошта наметавонад, агар меъёри истеъмоли он риоя гардад.

Ёдовар мешавем, ки барои сайқал додани маҳорати ошпазӣ ва ҳавасманд гардонидани  хоҳишмандон дар омода намудани ин таоми миллӣ, фестивал-озмуни ҷумҳурияии Оши палав баргузор гардида истодааст, ки ба ин восита  анъанаи ошпазӣ ва намунаҳои фарҳангу санъати марбут ба он тақвият меёбанд.

Август 15, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад