Қотилони махсусан хатарнок дастгир шуданд

Август 11, 2015 02:54

Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»). Вобаста ба боздошт шудани гумонбарон дар ҷинояти мудҳише, ки ду сол қабл дар вилояти Суғд содир шуда буд, аз Вазорати корҳои дохилаи мамлакат ба АМИТ «Ховар» чунин иттилоъ доданд: «Куштори оилаи Бобоевҳо, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 2-юми июни соли 2013 сурат гирифта буд, вокуниши мухталифро дар ҷомеа ба миён оварда буд. Барои ошкор намудани ин ҷинояти мудҳиш таҳти роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, барои дастгир намудани шахсони гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти бераҳмона корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ мешудуданд. Дар натиҷа кормандони милитсия ин ҷинояти ғайриинсониро ошкор ва гунаҳкорони онро муайяну дастгир карданд.
Муайян карда шуд, ки ин ҷинояткорон дар чандин ҷиноятҳои мудҳишу вазнин аз қабили роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва қатли одамон бо истифода аз силоҳи оташфишон даст доранд.
20-уми июли соли 2015, тахминан соати 08:30 дақиқа шахсони номаълум дар кӯчаи Шӯрои шаҳри Хуҷанд қарордошта, тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз дасти шаҳрванд Қосимова Зебӣ Пулодовна, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шӯро, хонаи 78, соҳибкори инфиродӣ ҷузвдони занонаро, ки дар дохилаш якчанд намуди ҷавоҳирот ва маҳсулоти тиллоӣ ба маблағи умумии 33 000 сомонӣ мавҷуд буд, ғасб намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур худи ҳамон рӯз нисбат ба шахсони номаълум бо дастрасии моддаи 248, қ.3 б. «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар рафти амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷиноятро шаҳрвандони зерин содир карданд: Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович, с.т. 1966, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи ба номи Ҷӯра Зокир, муваққатан бекор; Раҳматов Қиёмиддин Олимович, с.т. 1995, сокини шаҳри Хуҷанд кӯчаи ба номи Ҷӯра Зокир, муваққатан бекор; Раҳматов Адҳам Муҳиддинович, с.т. 1998, сокини шаҳри Чкалов шаҳраки Палос, кӯчаи Урожайная, муваққатан бекор.

Гумонбаршудагон, падару писар Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович ва Раҳматов Адҳам Муҳиддинович дастгир ва аз манзили зисти охирон — шаҳри Чкалов, шаҳраки Палос, кӯчаи Урожайная, хонаи 11, далелҳои шайъӣ ба пуррагӣ дарёфт ва мусодира карда шуда, чораҳо доир ба дастгир намудани ҳамдасти ӯ – Раҳматов Қиёмиддин Олимович идома доранд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки: санаи 21-уми августи соли 2011, тахминан соати 07:10 дақиқа шаҳрванд Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович бо маслиҳати пешакӣ бо додараш – Раҳматов Олим Ваҳобович, с.т 1971, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи ба номи Ҷӯра Зокир, хонаи 303 баъди пайгириҳои дурӯза аз болои фаъолияти соҳибкор Худойбердиев Мӯъмин Шарифович, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳраки Пролетар, кӯчаи Куйбишев хонаи 2, ки бо хариду фурӯши маҳсулоти тилловорӣ шуғл дошт, бо силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» мусаллаҳшуд бо либоси низомии саҳроӣ ба бар карда, ҳангоми аз манзили зисташ баромадани писари соҳибкор Худойбердиев М.Ш. – Худойбердиев Муҳаммадалӣ Мӯъминович, соли таваллудаш 1993, ҷониби охирон тир холӣ карда, аз бордони автомашинааш тамғаи «Хундаӣ», аломати қайди давлатиаш TJ 57-75 РТ/02 маснуоти заргариро ба маблағи умумии 485 000 сомонӣ тасарруф карда бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бар асари ин ҳамлаи роҳзанона Худойбердиев Муҳаммадалӣ Мӯъминович аз дасти рости хеш ҷароҳат бардоштааст. 
Ҳамчунин, 28-уми декабри соли 2011, тахминан соати 18:30 дақиқа бародарон Раҳматов Муҳиддин ва Раҳматов Олим давоми ду шабонарӯз фаъолияти соҳибкорӣ ва реҷаи кори кормандони нуқтаи ивази асъор – падару писар Бурҳонов Юлдош Пулодович, соли таваллудаш 1959 ва Бурҳонов Фарҳод Юлдошович, соли таваллудаш 1989, сокинони шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандиро омӯхта, бо силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» мусаллаҳ ва либоси низомии саҳроӣ (камуфуляж) ба тан, бозгашти соҳибкоронро назди бинои истиқоматиашон мунтазир шуданд. Сипас, ба сӯи автомашинаи шахсии тамғаи «Тико»-и Бурҳоновҳо оташ кушода, баъди ба ҳалокат расонидани онҳо сумкаи варзиширо, ки дар дохилаш маблағи пули нақд ба миқдори зиёда аз 200 000 сомонӣ мавҷуд буд, тасарруф карда бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и нуқраранг аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Муайян карда шуд, ки санаи 2-юми  июни соли 2013, тахминан соати 03:00 дақиқа бародарон Раҳматов Муҳиддин ва Раҳматов Олим бо силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» мусаллаҳ гардида, бо мақсади роҳзанӣ ва бо роҳи ҳуҷуми мусаллаҳона ба даст овардани молу мулки ғайр тавассути девори ҳавлии ҳамсоя вориди манзили зисти соҳибкори инфиродӣ – шаҳрванд Бобоев Аҳмадхӯҷа Норхӯҷаевич, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи С.Ахмедов, хонаи 9 гардида, бо бераҳмии махсус ва истифода аз силоҳи оташфишони автомати тамғаи «Калашников» соҳибхона Бобоев А.Н. ва ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон Шукуровна, соли таваллудаш 1974, фарзандони ноболиғи онҳо – Бобоева Рухшона Аҳмадхӯҷаевна, соли таваллудаш 1997 ва Бобоев Сӯҳроб Аҳмадхӯҷаевич, соли таваллудаш 1998-ро ба қатл расонида, фарзанди хурдии оила – Бобоев Санҷарбек Аҳмадхӯҷаевич, соли таваллудаш 2006-ро дар ҳаммоми ҳавлии истиқоматиаш маҳкам карданд. Сипас, тамоми ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф карда, бо мақсади рӯйпуш намудани амали ҷинояткоронаашон бо истифодаи сӯзишвории бензин хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бар асари сӯхтори ба амал омада ноболиғ Бобоев С.А. аз дуди оташ заҳролуд шуда ба ҳалокат расид.
Санаи 18-уми январи соли 2011, тахминан соати 17:00 дақиқа Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович бо маслиҳати пешакӣ ва хабари телефонии духтараш – Раҳматова Сарвиноз Муҳиддиновна, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Чкалов, кӯчаи Курчатов, хонаи 17, фурӯшандаи маҳсулоти ҷавоҳирот дар маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз»-и шаҳри Хуҷанд, ҳамроҳи додараш Раҳматов Олим Ваҳобович аз ҳолати бо автомашинаи шахсии тамғаи «Опел-Астра» аломати қайди давлатиаш ЕМ 67-02 РТ/02 бо маҳсулоти тилловорӣ назди даромадгоҳи беморхонаи саратоншиносии вилояти Суғд, воқеъ дар кӯчаи С.Ҳакимбоеви шаҳри Хуҷанд қарор доштани фурӯшандаи маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз»-и шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Ваҳобова Саодат Иномҷоновна, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати деҳоти Ёва, кӯчаи Баҳор 10, бохабар гардида, ба мавзеи нишондодашуда ҳозир ва бо роҳи шикастани шишаи дари воситаи нақлиёт ва кушодани бордони он сумкаи варзиширо, ки дар дохилаш ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи умумии 450 000  сомонӣ мавҷуд буд, тасарруф карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд».
«Ҳоло, гумонбаршудагон Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович, фарзандони ӯ – Раҳматов Адҳам Муҳиддинович ва Раҳматова Сарвиноз Муҳиддиновна дастгир ва аз манзили зисти онҳо як қисми далелҳои шайъӣ – ҷавоҳироти тиллоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят – силоҳи оташфишони автомати тамғаи «Калашников», бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45 мм. дарёфт ва мусодира карда шуд», —  иттило доданд аз ВКД ва илова карданд, ки «Чораҳо барои муайян ва дастгир намудани ҳамиштирокчиёни ҷиноятҳои содиршуда – Раҳматов Олим Ваҳобович ва Раҳматов Қиёмиддин Олимович, сокинони шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҷӯра Зокир идома доранд».

 

Август 11, 2015 02:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид