Парвариши ғайриқонунии зироатҳои нашъадор

Август 1, 2015 06:27

Душанбе, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳраки Палоси вилояти Суғд 29 июл марди 53-солаи сокини ш.Чкалов бо гумони дар ҳавлии истиқоматиаш ғайриқонунӣ парвариш намудани зироатҳои нашъадор дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии гумонбар 9-бех ниҳолҳои навъи «бангдона», ки кишташон манъшуда мебошад, дарёфт ва мусодира гардид. 
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Август 1, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш