Пирӯзии қаиқрони ҷавони тоҷик дар Португалия ва роҳхат ёфтанаш ба Италия
Душанбе, 04.08.2015 (АМИТ «Ховар» Ситораи Боймурод).- Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии қаиқронии ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия дар сабқати гурӯҳӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни ҷавонони синнашон аз 18 то 23-сола, ки бо иштироки 500 варзишгар аз 37 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Лиссабони Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро танҳо як нафар, Шаҳриёр Даминов намояндагӣ кард. Шаҳриёр Даминов дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр дар сабқати ниҳоӣ бо натиҷаи 4 дақиқаю 06,948 сония ғолиб омад. Дар ҷамъбасти умумӣ дар байни 36 нафар варзишгари тоҷик ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.
Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қаиқронони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки «Натиҷаи нишондодаи қаиқрони ҷавон Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар таърихи ин намуди олимпии варзиш дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон беназир аст. Шаҳриёр донишҷӯи бахши дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов буда, шаш сол инҷониб ба қаиқронӣ машғул мебошад».
Шаҳриёр Даминов бо натиҷаи нишондодааш дар Португалия ҳуқуқ пайдо кард, дар мусобиқаи қаҳрамонии қаиқронии ҷаҳон байни бузургсолон, ки рӯзҳои 20-24 август дар шаҳри Милани Италия баргузор мешавад, ширкат варзад.
Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Самарқанд дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр мақоми севумро соҳиб шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардида буд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






